Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба "-ов" ва "-ова"


Бино ба иттилоъи сардори шӯъбаи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандии Хоруғ Оламгул Хуҷаназарова, аз 324 атфоли сабти номшуда волидайни зиёда аз 50 дарсади ин кӯдакон тақозо намудаанд, ки ба фарзандонашон насаб бо иловаи пасвандҳои русӣ гузошта шавад.

Ба гуфтаи сардори шӯъба, раванди афзояндаи маҳрум сохтани атфол аз ҳуқуқи номузорӣ ба таври миллӣ зери таъсири афкори иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Вай гуфт, ки норизоият аз вазъи мавҷуди иҷтимоии хеш ва нигаронӣ аз ояндаи фарзандонашон дар дили волидайн нобоварӣ ва ҳарос ҷо карда ин эҳсосот дар тарзи номгузорӣ низ ифода меёбад.

Вай гуфт, ки бисёриҳо муҳоҷиратро роҳи ягонаи халосӣ аз чанги нодорӣ мешуморанд ва ояндаи фарзандонашонро низ бе он тасаввур намекунанд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоте, ки алҳол муҳоҷирин тоҷик вобаста ба номгузорӣ дар муҳоҷират ба он мешаванд аз рӯзи дар гаҳвора будани тифл ғами фардоро аз ҳозир мехӯранд.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи сабти аснод Иззатмо Қурбонназарова, як омӯзгори мактаби шаҳр пас аз фавти шавҳраш вай акнун роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанӣ аст, аммо бинобар ба мушкилоти эҳтимолӣ дучор нашудани фарзандон, ки онҳоро низ бурданӣ аст, барояшон шаҳодатнома бо насаби тарзӣ русӣ гирифтан мехоҳад.

Аз сӯи дигар бинобар мушоҳидаи мудири шӯъба охиран ба назар мерасад, ки мардум аз орзуи «шоҳ» ва «бек» шудан даст кашида, ба фарзандонашон номҳои кӯтоҳ монданро ҷоиз тар мешуморанд. Як нафар исрор варзидааст, ки ба фарзандаш номи бибиашро гузоранд, аммо на дар шакли аслиаш - Зилзиламо, балки ба шакли кӯтоҳшудаи Зуля дар шаҳодатнома сабт шавад.

Мутахассисон мегуянд, ки омили иҷтимоӣ на фақат ба нақзи ҳуқуқи атфол ҳангоми номгузорӣ, балки ба ваъзи саломаташон сабаб мешавад. Бинобар иттилоъи идораи тандурустӣ тайи соли равон маргу мири атфоли аз 1 то 5-сола афзоиш ёфтааст. Сардори идораи тандурустии вилоят гуфт, ки аз бемории илтиҳоби шуш, ки дар бештари маворид бар асари ҳавои хунук ва манозили сард хуруҷ кардааст, дар вилоят 13 тифл ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG