Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молӣ бозори нафтро ба ком мекашад


Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки садҳо бонку муассисаҳои молиро муфлису варшикаста кард, акнун гиребони бозори нафтро гирифтааст.

Тарс аз он ки рукуди иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон тақозо ба нафтро кам мекунад, сабаб шуд, то қиммати нафт рӯзи ҷумъа аз 50 доллар барои як бушка ҳам поён рафт. Дар зарфи се соли ахир қимати тиллои сиёҳ, ки то ба марзи 150 доллар барои ҳар бушка ҳам расидааст, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ин андоза поён нарафта буд. Дар бозори Ню Йорк шоми панҷшанбе қимати ҳар бушка ё 300 литр нафтро бештар аз чиҳилу нӯҳ долларро ташкил дод ва дар бозори Лондон аз ин ҳам камтар 48 долларро.

Воқеан муомилакунандагони нафтӣ метарсанд, ки на танҳо иштиҳои кишварҳои ғарбӣ, ба нафт камтар мешавад, балки иштиҳои пештараи Чину Ҳиндустон низ коҳиш меёбад, ки талаботи афзояндаи онҳо дар гузашта нархи нафти хомро ниҳоят боло бурд. Оморҳои тоза доир ба вазъи иқтисоди Амрико, бузургтарин истифодабарандаи нафти хом ҳам тарси муомилакунандагони нафтро бештар кардааст.

Гузориши ноумедкунанда доир ба мизони бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ки тайи 16 соли ахир мушоҳида нашуда буд, як аломати дигарест, ки иқтисоди ин кишвар ба рукуд дучор мешавад. Чизе, ки ҳоло Иттиҳодияи Аврупо дар банди он аст. Бо онки мардуми кишварҳои сарватманду дар ҳоли рушд аз тарси амиқрафти бӯҳрону бекор мондан, хароҷотро кам мекунанд, харидори бензину сӯзишворӣ камтар мешавад ва нарх ҳам арзонтар. Аз ин хотир фурӯхтани нафт ҳам барои тоҷирону тавлидкунандагон сахттар мешавад.

Аммо барои иқтисоди Тоҷикистони маҳрум аз захираҳои азими нафт, ки сӯзишвориро аз Русияву Узбакистону Қазоқистон ворид мекунад, арзон шудани нафт ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, поён рафтани қимати молу коло ва аз ҷумла нафт сабаби хароҷоти камтар аз буҷаи давлатӣ мешавад, ки ҷанбаи мусбат аст. Аммо поён рафтани қимати молу коло дар бозори ҷаҳонӣ, ки аксар вақт дар пайи поён рафтани қимати нафт мушоҳида мешавад, метавонад, сабаби поён рафтани молҳои аслии содиротӣ аз ҷумла нахи пунба ва алюминийум шавад ва ҳамингуна даромади Тоҷикистони камбизоатро камтар кунад.

Таъсири дигари ғайримустақими дигар ва хатарноктари он барои Тоҷикистон зиён дидани корхонаву муассисаҳои сохтмонии Русия хоҳад буд, ки дар онҳо садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Сергей Сенинский, хабарнигори умури иқтисодӣ аз бахши русии Радиои Озодӣ, мегӯяд:

«Даромад аз ҳисоби фурӯши нафт, як қисми бузурги буҷаи Русияро ташкил медиҳад. Табиатан даромад камтар мешавад ва аз ин сабаб дер ё зуд, маҷбур мешаванд, то хароҷотро кам кунанд. Агар хароҷоти пешбинишуда дар буҷаро кам накунанд ҳам, вале иҷрои тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ, сохтмонҳои бузург, ё барномаҳои бузурги иҷтимоиро ҳадди аққал ба таъхир меандозанд, зеро барои иҷрои онҳо пул намеёбанд».

Зимнан тайи ду моҳи ахир муҳоҷирони тоҷик ирсоли пул ба Тоҷикистонро башиддат кам кардаанд. Бино ба омори Сандуқи Байналмилалии Пул, дар моҳи сентябр аз Русия ба Тоҷикистон 309 миллион доллар фиристодаанд, ки назар ба моҳи август, тақрибан 10 миллион доллар камтар аст.

XS
SM
MD
LG