Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири раёсати ширкати «Тоҷик Эйр»


Раиси ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев бо қарори ҳукумат аз вазифааш сабукдӯш гардид.

Тибқи иттилоъи сомонаи интернетии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷои Ҳокимшо Тиллоев муъовини аввали директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Маҳмадалиев Алимурод раиси нави «Тоҷик Эйр» таъин шудааст.

Ҳамзамон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холиқов – раиси ширкати давлатии «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», Маъруфҷон Маҳмудов – раиси ширкати давлатии «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд», Михаил Леонов – раиси ширкати давлатии «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа», Алӣ Комилов – раиси ширкати давлатии «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб» ва Анвар Мақсудов раиси ширкати давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъин гаштаанд.

XS
SM
MD
LG