Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон: дар рӯёрӯи тазоҳуроти густарда


Бишкек, бинои Ҳукумати Қирғизистон

Бишкек, бинои Ҳукумати Қирғизистон

Ба таъкиди мухолифини давлати кишвар, моҳи оянда дар чанд шаҳри Қирғизистон тазоҳуроти мардумӣ доир хоҳанд гашт.

Бино ба гуфтаи Турсунбой Бакир-уулу, ҳамраиси Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон ва собиқ раиси Омбдусмени Қирғизистон, дар минтақаи ҷануби кишвар мардуми зиёд тарафдори тағйири сиёсати президент ҳастанд.

Турсунбой Бакир-уулу мегӯяд, ки вай ва Нурлан Мотуев, ҳамтои дигари ӯ аз Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон, бо мардуми ин минтақа мулоқотҳои зиёд баргузор карданд ва ба чунин натиҷа расиданд, ки аксарияти ин мардум ба тазоҳуроти моҳи декабр хоҳанд пайваст.

Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон 16-уми декабри соли равон ин тазоҳуротро раҳандозӣ карданист. Дар ин гирдиҳамоӣ аз президент тағйири сиёсати, ба гуфти мухолифини ӯ, зиддимардумиашро талаб карданианд.

Турсунбой Бакир-уулу

Ба гуфтаи Турсунбой Бакир-уулу, президент бояд мардумро аз вартаи сардиву гуруснагӣ берун кашад, ҳукуматро аз кадрҳои даврони Акаев пок сохта,

Бар асоси иддаъои ӯ, феълан дар Қирғизистон мунофиқону дурӯяҳо ба сари ҳокимият омадаанд ва кишварро ба мамлакати гадоён табдил додаанд. Вай афзуд, аз ин рӯ Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон талош хоҳад кард, ки кишвар аз вартаи камбизоъатӣ, даргириҳои ҳалокатбор ва ваҳму ҳарос наҷот ёбад.

Ба гуфтаи Турсунбой Бакир-уулу, дар ҳоли ҳозир ин аксуламали Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон, «Ҷунбиши меҳанпарастонаи Жоомарт» ва ҳизби «ЭрК» бо аксуламалҳое, ки Кумитаи инқилобӣ таҳти сарварии депутати собиқи порлумони кишвар Азимбек Бекназаров баргузор карданист, ҳеч робита надорад.

16-уми декабр тазоҳуроти Иттиҳоди мусалмонон дар вилояти Нирин оғоз ёфта, рӯзҳои дигар дар вилоятҳои Иссиқкӯл, Талас, Ӯш, Ҷалолобод ва шаҳри Қизилқия идома пайдо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG