Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифини тамдиди ҳузури амрикоиҳо


Дар Бағдод имрӯз аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст. Дар пойтахти Ироқ намоиши пуриздиҳоми эътирозӣ алайҳи тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар баргузор мешавад. Тибқи аҳдномае, ки авоили ҳафта аз сӯи вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ ва сафари ИМА дар Ироқ Райан Крокир имзо шуд, 150 ҳазор низомиёни амрикоӣ то поёни соли 2011 қаламрави Ироқро комилан тарк хоҳанд гуфт. Мӯҳлати мандати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи будубоши низомиёни амрикоӣ дар Ироқ 31 декабри соли равон поён меёбад ва аҳднома тамдиди ҳузури нерӯҳои ИМА-ро қонунӣ мегардонад.

Аҳднома айни ҳол мавриди барасии порлумони Ироқ қарор дорад ва 24 ноябр вакилон бояд ба ба он раъй диҳанд. Ҷонибдорони раҳбари шиаҳои тундрав Муқтадо Ал-Садр талаб доранд, ки порлумон ин санадро рад кунад.

XS
SM
MD
LG