Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонсҳои Ҳилларӣ Клинтон бештар шуданд


Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби ИМА омода аст, ки Ҳилларӣ Клинтонро дар маснади Котиби давлатии Амрико бипазирад. Ба иттилоъи ёварони Обама, тасмим дар мавриди ин таъинот шояд охирҳои ҳафтаи оянда эълон шавад. Гуфта мешавад, шонсҳои хонум Клинтон, рақиби пешини Обама дар интихоботи дохилиҳизбӣ барои вуруд ба ҳукумати нав баъди он зиёд шуданд, ки ҳамсараш Билл Клинтон, раисиҷумҳури собиқи ИМА барои тафтиши ҷанбаи ахлоқии тиҷорат ва фаъолияти хайрияаш розӣ шуд.

Барак Обама расман 20 январи соли 2009 ба ифои вазифаи раиси ҷумҳури ИМА шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG