Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи суқути шохисҳои иқтисодии Амрико


Шохиси саҳмияҳо дар Иёлоти Муттаҳида ва нархи нафт дар ин ҷо боз поинтар афтод. Шохиси Доу Ҷонс, ки нишондиҳандаи миёнаи саҳмияҳои калидии саноати Амрикост, рӯзи панҷшанбе панҷуним дарсад паст рафт ва шохиси СтандартЭнд Пуа -500 қариб 7 дарсад поин омад, ки пасттарин дараҷа аз соли 1997 ба ин суст. Нархи нафт дар бозори Ню Йорк низ паст шуда, ба 49 доллару 62 сент расид. Нархи саҳом дар бозори Русия низ дар ин рӯз поин афтод ва сарвазири Русия, Владимир Путин гуфтааст, ҳукуматаш ҳама корро хоҳад кард, то такони иқтисодии солҳои навадум такрор нашавад.
XS
SM
MD
LG