Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгустар 5 маҳбуси Гуантанаморо озод кард


Додгустари федерол дар Вошингтон фармон дод, панҷ шаҳрванди Алҷазоир аз боздоштгоҳи Гуантанамо озод карда шаванд. Додгустар Ричард Леон мегӯяд, барои нигаҳдошти ин панҷ нафар дар маҳбас далели кофӣ дар даст нест. Аммо вай алҷазоирии шашумро зимни далелҳои мавҷуда ба гурӯҳи террористии Ал-Қоъида мансуб ва нигаҳдошти ӯро дар ҳабс маъқул донист. Додситонии кулли Амрико ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ба ҳукми ахири додгустар мухолифат кунад.
XS
SM
MD
LG