Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи Русия ба Олмон барои нақли силоҳ ба Афғонистон


Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба узви Паймони Атлатники Шимолӣ -- Олмон иҷоза дод, силоҳ ва таҳҷизоти ҳарбӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистонро ба воситаи қаламрави Русия интиқол диҳад. Нерӯҳои НАТО ҳоло ҳам иҷозаи интиқоли силоҳу муҳимоти худро ба воситаи Русия доранд, аммо танҳо аз роҳи ҳавоӣ. Эътилофи таҳти фармони НАТО дар Афғонистон зидди толибони ошӯбгар меҷангад, аммо нерӯҳои Олмон дар ин кишвар ба амалиёти ҷангӣ шарик нестанд. Маълум нест, Олмон барои интиқоли заминии аслиҳа ва таҷҳизоташ ба Афғонистон боз ба иҷозаи кадом кишварҳои шӯравии пешин ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG