Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифат ба баста гузаштани мурофиаи Политковская


Ҳайати мунсифаи додгоҳи чаҳор муттаҳам ба куштори хабарнигори рус Анна Политковская гуфтанд, ки онҳо аз додгоҳ тақозо накардаанд, ки муҳокима паси дарҳои баста ҷараён гирад. Дар изҳороте аз гурӯҳи 20-нафари ҳайати мунсифа 19 нафарашон гуфтанд, ки онҳо дархост накардаанд, ки ҳама намояндаҳои расонаҳои хабарӣ барои ширкат дар муҳокимаи додгоҳӣ роҳ дода нашаванд. Рӯзи чоршанбе додраси қазия гуфт, ки бо хости ҳайати мунсифа расонаҳои хабарӣ ба мурофиа роҳ дода намешаванд. Ҳайати мунсифа гуфтааст, ки танҳо хостори берун шудани камераҳои телевизионӣ аз толори додгоҳ шуданд. Зимни сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ Анна Ставитская, вакили хонаводаи Политковская ба зарурати боз нигоҳ доштани мурофиаи додгоҳӣ таъкид кард:

"Мо аз оғоз бо лаҳни шадид гуфтаем, ки ин мурофиа бояд дар шароити боз баргузор шавад. Барои мо хеле муҳим аст, ки аз кулли ҷузъиёти ҷараёни мурофиа ҷомеаро хабардор кунем, то ки ҷомеа худ қазоват кунад".

Анна Политковская, мунаққиди шадидлаҳни Кремлин моҳи октябри соли 2006 дар Маскав ба қатл расид. Рустам Маҳмудов, марде, ки дар куштори журналист айбдор мешавад, тибқи гузоришҳо, аз кишвар фирор кардааст. Феълан се марди дигар дар курсии айбдоршавандаҳо нишастаанд, инҳо Сергей Ҳоҷиқурбонов, афсари собиқи полис ва бародарони Маҳмудов - Иброҳим ва Ҷабраил мебошанд. Ин мурофиа аз ҷониби додгоҳи низомӣ баррасӣ мешавад, чунки айбдоршавандаи чаҳорум афсари хадамоти амнияти федеролӣ мебошад. Тибқи гузоришҳо, ҳамаи ин чор муттаҳам худро бегуноҳ меҳисобанд.
XS
SM
MD
LG