Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозо барои озод шудани Онаниёзов


Намояндагии Кумитаи Ҳелсинкӣ барои ҳуқуқи башар тақозои озод шудани дигарандеши туркман Гулгелдӣ Онаниёзовро аз зиндон кардааст. Моҳи гузашта Онаниёзов, ки мақоми паноҳандагии Норвегияро дорад, барои бо мадорики иштибоҳӣ ба хоки Туркманистон ворид шуданаш гунаҳгор ва ба мӯҳлати 11 сол ба зиндон андохта шуд. Сухангӯи Кумитаи норвегии Ҳелсинкӣ Берит Нисинг Линдеман имрӯз дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти Туркманистон дархост кардааст, ки далелҳои айбномаву шароити ба зиндон андохта шудани ӯ ва инчунин роҷеъ ба вазъи сиҳҳатии вай низ маълумоте диҳад. Ҳанӯз ҳеҷ посухе аз ҷониби мақомоти Ашқобод дастрас нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG