Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду полис дар Хости Афғонистон


Як маргталабе савори мошин дар беруни идораи давлатие дар вилояти Хост мунфаҷир карда, ду ходими полисро кушта ва чанд нафарро маҷрӯҳ намуд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, ки ҳамлаи мазкур дар беруни дарвозаи ин идора дар вулусволии Довманди вилояти шарқии Хост сурат гирифт. Қароргоҳи нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Кобул бо таъйиди ин хабар гуфт, ки ду сарбози онҳо, ки дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, осебе надиданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG