Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

europeana.eu - китобхонаи таъриху фарҳанги Аврупо


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз китобхонаи нави интернетиро ба роҳ монд, ки тавассути фанновариҳои рақамӣ дастрасиро ба матолиби беш аз ду ҳазор сол пеши таърих ва фарҳанги Аврупо имконпазир мегардонад. Мақомот гуфтанд, ки акнун наққошиҳо, аксҳо, филму ҳуҷҷатҳои садоӣ, харитаву нашрияҳо ва санаду китобҳо барои шиносоӣ тавассути интернет дастрас мешавад. Исми сайти мазкур europeana.eu мебошад. Тамоми маводи таърихиву фарҳангии Аврупо аз намоишгоҳҳову бойгониҳои воқеъ дар саросари 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар ин сомона оварда шудааст. Мақомот нақша доранд, ки то соли 2010 ҳудудан 10 миллион маводи таърихиро дар ин сомона ҷо диҳанд.

XS
SM
MD
LG