Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки IMF ба Исландия


Сандуқи байналмилалии пул бо ироаи қарзе дар ҳаҷми 2,1 миллиард доллар ба Исландия барои муқобила бо шикасти низоми бонкии ин кишвар, ки моҳи октябр ба вуқӯъ пайваст, мувофиқат кард. Дар гузорише, Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки қарзи мазкур ба мӯҳлати ду сол барои муқобила бо "бӯҳрони бонкие, ки таносуби ғайримуқаррарӣ доштааст", дода мешавад. Дар паи шикасти низоми молӣ дар Исландия дар давоми як ҳафта якбора се бонк шикаст хӯрд. Исландия аввалин кишварест дар Аврупои Ғарбӣ, ки аз ҷониби Сандуқи байналмилалии пул дар даҳсолаоҳои охир қарз мегирад. Охирин бор Бритониё 30 соли пеш аз ин ниҳоди байналмилалӣ маблағи қарз дарёфт кардааст. Ҳамчунин имрӯз чаҳор ҳамсоякишвари шимолии Исландия - Финландия, Шветсия, Норвегия ва Дания эълон карданд, ки ба Исландия барои муқобила бо рукуди иқтисодиаш 2,5 миллиард доллар кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG