Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимолан сохтмони харобшуда макони реактор аст


Оҷонсии энержии ҳастаии СММ гуфт, ки як таъсисоти суриягӣ, ки соли гузашта мавриди бомборони ҳавопаймои исроилӣ қарор гирифт, ба як макони реактори ҳастаӣ шабоҳат доштааст. Ин ниҳоди СММ гуфт, намунаҳои хоке, ки аз ин маҳал гирифта шудааст, дорои зарраҳои қобили мулоҳизаи ураниум будааст. Дар гузориши оҷонс, ки ба баррасии аъзои 35-нафараи ҳайати раҳбарон ироа шуда қарор аст ҳафтаи оянда баррасӣ шавад, омадааст, ки бо ин вуҷуд шаҳодатҳои мазкур кофӣ нест, ки ба вуҷуди як реактори махфии ҳастаӣ дар ин макони шаҳри Ал-Кибари Сурия таъкид шавад. Сурия гуфт, сохтмоне, ки сентябри соли гузашта аз ҷониби Исроил хароб шуд, як бинои маъмулии низомӣ будааст.
XS
SM
MD
LG