Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Покистон ба Амрико


Мақомоти Покистон имрӯз ба сафири ИМА эътирози худро аз ҳамлаҳои мушакии зидди ҷангиён дар хоки ин кишвар баён карданд. Ҳамлаҳои мушакӣ аз оғоз дар манотиқи шимолу ғарби Покистон тавассути ҳавопаймоҳои низомии бидуни халабон анҷом шудааст, ҳарчанд ИМА кам андар кам масъулияти ин амалиётро ба ӯҳда гирифтааст. Ҳамлаҳо дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон зидди ҷангиён равона шудааст, ки ба қавли Амрико, дар бесуботии вазъи минтақа даст доранд. Як ҳамлаи ахире, ки эҳтимолан аз ҷониби ҳавопаймои бехалабон рӯзи чоршанбе анҷом шуд, панҷ ҷангии муттаҳами Ал-Қоидаро ба ҳалокат расонд.
XS
SM
MD
LG