Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бадбахтиҳои ҷаҳони бефалсафа


Маҷаллаи «Илму фанноварӣ» боз ҳам дар хидмати шумо.

Дар ин шумора доир ба омодагиҳо ба музокироти байнулмилалӣ дар масъалаи тағйири иқлим сӯҳбат мекунем, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳоло аз пайёмадҳои он ранҷ мекашад. Сипас, доир ба рӯзи байнулмилалии фалсафа гуфтугӯе дорем, ки ба қавли файласуфи тоҷик бадбахтиҳои ҷаҳон аз беаҳамиятӣ ба ин илми муҳим аст. Албатта, барномаро бо хабарҳои тозатарин аз олами илм ва фанновариҳо шурӯъ мекунем.

-------------------------------------------------------------------------------------------

«Бадбахтиҳои ҷаҳон аз беаҳаммиятӣ ба фалсафа аст»

Рӯзи 20 ноябр рӯзи байнулмилалии фалсафа аст, илми қадимӣ ва башарие, ки ҳоло таваҷҷӯҳ ба он кам шудааст. Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар даҳҳо кишварҳои дунё маросиму ҳамоишҳои илмӣ баргузор мешавад, вале на дар Тоҷикистон, ки файласуфони варзида ва маъруф бисёр парваридааст. Аз ҷумла, дар ҳамоише дар шаҳри Рум доир ба мавзӯъҳои ҷолибе ба мисли давлат, шаҳрванд ва қудрат, фалсафа, бесарусомонӣ ва қонун, қудрат ва илм сӯҳбат хоҳад шуд.

Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Комил Бекзода, файласуфи шинохтаи тоҷик аз Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

------------------------------------------------------------------------------------------------------

Созмони Милал ҳушдор додааст, ки ихроҷи газҳои гулхонаӣ аз кишварҳои саноатии ҷаҳон бештар мешавад, ҳарчанд бар асоси протоколи Киото онҳо вазифадоранд, партоби ин навъи газҳоро кам кунанд. Аз соли 2000 то соли 2006 партоби газҳои гулхонаӣ аз 40 кишвари дунё бештар аз ду дар сад зиёд шудааст, ки ин газҳо, аз ҷумла гази карбон сабаби боло рафтани ҳарорат дар курраи Замин мешаванд.

Созмони Милал аввали моҳи декабр дар шаҳри Познани Лаҳистон даври нави музокироти байнулмилалӣ барои коҳиши партоби газҳои гулхонаиро баргузор мекунад. СММ мегӯяд, афзоиши ихроҷи газҳо баёнгари он аст, ки бояд ба ҷойи протоколи Киото санади нави байнулмилалӣ қабул шавад. Ҳукми иҷрои протоколи Киото соли 2012 ба поён мерасад ва санади нав бояд соли 2009 пазируфта шавад.

Дар ин шумораи маҷалла гуфтугуи мо бо Ирина Ставчук, ҳамоҳангсози барномаи тағйири иқлим аз Маркази миллии муҳитизистии Укроинро, ки дар музокироти қаблӣ ширкат доштааст, бишнавед.

XS
SM
MD
LG