Пайвандҳои дастрасӣ

Озодтарин баён дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сафири ИМА


Татиана Гфэллер, сафири ИМА дар Бишкек, Қирғизистонро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафтарин мамлакат аз нигоҳи озодии баён арзёбӣ кардааст.

Хонум Гфэллер зимни як мусоҳибаи вижа бо нашрияи «Лица», чопи Бишкек, гуфтааст, ки ба ҳайси коршинос дар умури минтақаи Осиёи Марказӣ дарк карда буд, ки ин кишвар ба арзишҳои демократӣ содиқ аст, аз ин лиҳоз мақоми сафири ИМА дар Бишкекро пазируфт ва ба Қирғизистон омад. Вай афзудааст, дуруст аст, ки дар мавриди таҳдид ба озодии баён баъзе нигарониҳо мавҷуданд. Бино ба таъкиди сафири ИМА дар Қирғизистон вай хабар дорад, ки ҳатто дар муқобили чанд рӯзнома парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба ақидаи Татиана Глэффер, касби рӯзноманигорӣ дар рушду такомули ҷомеъае нақши муассир хоҳад бозид, ки ин ҷомеъа ба иттилоъи ҳар чӣ бештару дақиқ ниёзманд аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик Қодиршои Мурувват мегӯяд, ҷои шубҳа нест, ки Қирғизистон кайҳо ин пешсафиро дар миёни соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даст овардааст.Ба гуфтаи Қодиршоҳи Мурувват, дар кишвари Қирғизистон арзишҳои демократӣ риоят мешаванд ва маҳз озодии баён як шохаи ҳамин демократия аст, ки ба гумони вай, дар нисбат ба баъзе кишварҳои минтақа мӯҷиби муқоиса намебошад.

Аммо иддае аз коршиносони дигар ба чунин ақида устуворанд, ки дар ин авохир озодии баён дар Қирғизистон зери фишор қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ин гурӯҳи коршиносони қирғиз, аз ҷумла, қатъи нашри рӯзномаи «Де-Факто», мусодираи амволи он ва мавриди таъқиб қарор гирифтани сардабири ин нашрия мисоли рушани чунин ҳол аст.

XS
SM
MD
LG