Пайвандҳои дастрасӣ

Путин дар анҷумани ҳизб суханронӣ мекунад


Нахуствазири Русия Владимир Путин имрӯз дар анҷумани ҳизби "Русияи Воҳид" суханронӣ хоҳад кард. Ин маросим як рӯз баъди он сурат мегирад, ки рӯзи чоршанбе Думаи давлатии Русия дар хониши дуввум тарҳи тағйири қонуни интихоботро пазируфта, бо тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аз чаҳор то шаш сол розӣ шудааст. Мақомот аз ҳоло бархе сару садоҳоро рад кардаанд, ки гӯё тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ ба хотири дубора сари қудрат овардани Владимир Путин анҷом шуда бошад. Моҳи маи имсол мӯҳлати раёсатҷумҳурии Путин ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG