Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон мухолифи бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ аст


Гурҷистон аз Кумитаи байналмилалии Олимпӣ тақозо кард, ки бо далелҳои амниятӣ макони бозиҳои соли 2014-ро аз Сочӣ ба шаҳри дигар интиқол диҳад. Сухангӯи ин кумита таъйид кард, ки номае ба ин манзур ахиран аз Кумитаи миллии олимпии Гурҷистон дарёфт кардааст, ки дар он хоҳиши дигар шудани макони бозиҳои олимпӣ мешавад. Аммо бо зикри ин матлаб вай аз додани тавзеҳоти бештар худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, муовини раси Кумитаи олимпии Гурҷистон Вахтанг Гегелиа дар сӯҳбат бо бахши гурҷии радиои Озодӣ гуфт:

"Мо барои бойкоти бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват намекунем. Танҳо дархости мо ин аст, ки амният дар бозиҳои олимпии Сочӣ таъмин шавад ва бозиҳо ба макони амни беҳтар интиқол ёбад. Агар мақомоти гурҷӣ кулли манотиқи марбутаро назорат мекарданд, мо аслан дар ташвиш набудем ва ҳукумати мо тамоми масъулияти таъмини амниятро ба дӯш мегирифт. Дар сурати пурра иҷро шудани шартҳои паймони оташбаси Саркозӣ-Медведев ва дубора барқарор шудани вазъи пеш аз моҳи август, Гурҷистон мухолифи баргузории бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ набуд".

Моҳи августи имсол Русияву Гурҷистон дар хоки ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ вориди даргириҳои хунине шуданд, ки панҷ рӯз идома кард.

XS
SM
MD
LG