Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари нашрияҳои чопи Душанбе бахшида ба 70-умин зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки дар ғурбат ба сар мебарад, матолиб ва аксҳои ӯро ба нашр расонидаанд.

«Адабиёт ва санъат» ба ин муносибат табрики Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро унвонии ин шоир мунташир кардааст, ки дар он аз Бозор Собир ҳамчун аз шоире соҳиби роҳу равиш ва сабку салиқаи хос зикр мешавад. Дар он таъкид шудааст, ки чопи нахустин шеърҳои Бозор Собир дар матбуот гувоҳӣ аз он медод, ки як шоири навсухану навандеш вориди адабиёти тоҷик мешавад.

Нашрияи русизабони «Asia-Plus» низ дар ин робита хотироти нависанда Саттор Турсунро, ки ба гуфтаи худи ӯ солиёни зиёд дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дар як утоқи корӣ бо Бозор Собир фаъъолият кардааст, ба нашр расонидааст. «Бозор Собир, менависад Саттор Турсун, масъулияти бахши назмро бар уҳда дошт ва аз ҳар як ҳарфу намоду тасвири наве, ки дар навиштаи ин ва ё он муаллиф пайдо мекард, сахт хурсанд мешуд. Он замон Бозор аз сохти коммунистӣ норозӣ буду камбуди ҷомиъаро дар он медид ва он вақт ӯ аз Эрон ситоиш мекарду ҷонибдори Амрико буд». Оқои С. Турсун ин хислатро хосси табиъати шоирӣ номидааст, ки ҳамеша ончизеро, ки мебинад, мегӯяд. Саттор Турсун зикр мекунад, ки Бозор Собир ба ҳайси шоири асил аз ин хислат орӣ буда наметавонад – мисле, ки Байрон, Аполлинер, Уитмен, Есенин ва Неруда ҳамин тавр буданд.

«Фараж» ба мавзӯъи Бозор Собир ва қазияи сарнавишти ӯ аз зовияи дигар назар кардааст. Ин нашрия зери унвони «Зиёии бесарнавишт» матлаберо мунташир кардааст, ки дар он сарнавишти Бозор Собир фоҷиъаи он идда аз зиёиёни тоҷик зикр шудааст, ки орзуву ормонҳои онҳо дар замони истиқлоли Тоҷикистон бароварда нашудааст. «Бозор Собир замоне гули сари сабади миллат ва аксу суханҳои ӯ ба шиори қишри озодихоҳи кишвар табдил ёфта буд, - омадааст дар ин матлаб. - Вале ӯ баъдтар ҳамчун ҷинояткор ба зиндон кашида шуд». Муаллиф афзудааст, ки сарнавишти минбаъдаи устод Бозор, ки ба даврони баъди ҷанги дохилӣ ва зиндагиаш дар ғурбат рост меояд, давоми ин фоҷиъа аст.

Нашрияи «Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Таҳқир ва таҳрифи ислом бас карда шавад!» як номаи саркушодаи узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ Саймурод Фаттоев ва вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов мунташир кардааст. Дар ин матлаб суҳбат аз он шудааст, ки аксари кулли кутуби дарсӣ ва махсусан китобҳои таърих дар макотиб ва донишгоҳҳо нисбат ба арзишҳо ва муқаддасоти ислом таҳриф ва таҳқирро раво дидаанд ва назари муғризона доранд. Зимни ба таъйиди гуфтаҳои худ овардани мисолҳои мушаххас аз саҳафоти китобҳои дарсӣ муаллиф бар ин нукта ишора кардааст, ки бештари муаллифони осори таълимӣ нисбати ислом назари хайрхоҳона надоштаанд ва таҳти тахсири иделогияи атеистӣ ба ҳаводис ва шахсиятҳои исломӣ муносибат кардаанд. Оқои Тӯраҷонзода бо ироъаи пешниҳодоти мушаххас аз мухотабони худ хоҳиш кардааст, ки нашру чопи ин китобҳо аз сар гирифта шаванд ва дар онҳо ҳақиқатҳои таърихӣ инъикос ёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо пешниҳоди раисҷумҳурӣ соли оянда соли бузургдошти Имоми Аъзам, муассис ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ, эълон шудааст, таъкид кардааст оқои Тӯраҷонзода.

Нашриярусии «События» бо унвони «Боз ҳам дар остонаи зимистон» матлаберо дар мавзӯъи норасоии барқ ва газ, ки мушкилоти фаровонеро барои мардум пеш овардааст, ба нашр расонидааст. «Сардии бесобиқаи зимистони соли гузашта, омадааст дар матлаб, аҳолиро водор кардааст, ки худ аз пайи чораи такрори сардиҳои соли гузашта дар манозилашон шаванд. Ҳаранд мақомот аз афзоиши интиқоли нерӯи барқ хабар медиҳанд, аммо дар деҳот ин реҷа риъоят намешавад ва интиқоли гази табиъӣ низ ба маротиб коҳиш ёфта, дар баъзе маҳаллоти пойтахт аслан қатъ шудааст. Шояд дар ҳавлиҳо мардум тавонанд бо истифода аз бухорӣ ва ангишту ҳезум аз азийяти сардиҳои зимистони имсола худро эмин бисозанд, аммо дар манозили баландошёна ин корро кардан хориҷ аз имкон аст».

Дар ҳамин робита ҳафтаномаи «Тоҷикистон» як назрсанҷие миёни хонандаҳои худ доир кардаааст. Ба пурсиши нашрия «Шумо хонаатонро бо чӣ гарм мекунед?» 41 дарсад аз пурсидашудаҳо посух додаанд, ки намедонад бо чӣ гарм кунанд, аммо 11,5 дарсад гуфтаанд, ки бо барқ, 8,5 дарсад ҳам бо газ ва 39 дарсад – бо ангишт.
XS
SM
MD
LG