Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳзанҳои баҳрӣ дар Сомалӣ $30 миллион гирифтаанд


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун имрӯз гуфт, роҳзанҳои баҳрии мустақар дар Сомалӣ имсол 30 миллион доллар гаравпулӣ ба даст оварданд. Бан пешниҳод кард, ки бо роҳҳои қобили қабул ва воқеъбинона бояд ба фаъолияти раҳзанҳои дарёӣ дар соҳилҳои Африқо хотима гузошт. Рӯзи шанбе роҳзанҳо бузургтарин киштии нафткаши Саудияро рабуданд. Шумори умумии киштиҳои гаравгонгирифтаи онҳо дар давоми сол ба 65 адад мерасад.
XS
SM
MD
LG