Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон 60%-и барқи вомӣ аз Тоҷикистон бозгардонд


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, кишвари ҳамсояи Узбакистон нерӯи барқи қарзгирифтаи худро 60 дарсад баргардонд. Узбакистон ҳамасола аз тариқи шабакаи ягонаи барқ аз Тоҷикистон дар мавсими гармо 900 миллион киловат-соат нерӯи барқ гирифта, дар ивази он зимистон ба Тоҷикистон наздик ба 600 миллион киловат-соат нерӯи барқ медиҳад. Бархе аз коршиносон нархгузории нерӯи барқро дар ин додуситад нобаробар ва ноодилона мешуморанд. Охири имсол тарафҳо барои соли оянда дар ин бобат созишнома ба имзо мерасонанд.
XS
SM
MD
LG