Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба махфӣ гузаштани додгоҳи Политковская


Гурӯҳе аз ҳамкасбони Политковская гуфтаанд, намегузоранд, ки ин муҳокима дар паси дарҳои баста ҷараён бигирад. Димитрий Муратов, сардабири "Новая газета", ки Анна он ҷо кор мекард, гуфтааст, ба рағми ин тасмим маводеро ба нашр мерасонад, ки дар пажӯҳиши мустақилонаи қатли ҳамкори ӯ ба даст омадааст. Додгоҳи низомии Русия ҳукм кард, ки баррасии парвандаи айбдоршавандагон дар қатли журналист Анна Политковская паси дарҳои баста ҷараён гирад. Додгустар ин тасмимро хости ҳайати мунсифа ё доварони мардумӣ номид, ки гӯё гуфтаанд, аз амнияти худ нигарон мебошанд. Политковская, мунаққиди сарсахти ҳукумати Русия, моҳи октябри соли 2006 дар назди манзилаш кушта шуд ва дар ин ҳодиса кормандони ниҳодҳои ҳифзи қонун ва хадамоти амният айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG