Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти оҳангсози саршиноси тоҷик Хайрулло Абдуллоев


Оҳангсози саршиноси тоҷик Хайрулло Абдуллоев дар синни 79-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Вай соли 1930 дар хонаводаи ҳунармандон дар Кӯлоб ба дунё омада, пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва консерваторияи давлатии ба номи Чайковскии Маскав дар дастаҳои ҳунарӣ, идораи барномаҳои мусиқии радио ва телевизиони тоҷик кор кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи ҳунарҳои нафиси ба номи Турсунзод ва Консерваторияи миллии ба номи Сатторов омӯзгор будааст. Мусиқии бисёре аз намоишҳои театрӣ ва филмҳои тоҷикӣ, садҳо суруди дилнишин эҷод кардааст.
XS
SM
MD
LG