Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони афғон ихтисоси худро такмил медиҳанд


Як гурӯҳи 16-нафарии омӯзгорони афғонистонӣ дар шаҳри Душанбе ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бунёди Авросиё ва ҳукуматия Норвегия як барномаеро рӯи даст гирифтаанд, ки бар пояи он 15 омӯзгори мактабҳои вилояти Балхи Афғонистонро дар Душанбе такмили ихтисос диҳанд.

Дастандаркорони ин барнома мегӯянд, қабл аз ҳама ҳадафи ин барнома роҳандозии равобити танготанги Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи маориф аст, зеро дар ин самт ҳарду кишвар беш ва пеш аз ҳама зарфиятҳои ҳамкорӣ доранд. Ва барномаи такмили ихтисос марҳалаи аввали ҳамкориҳо хоҳад буд.

Худойназар Асозода, мушовири ин лоиҳа, мегӯяд, ҷиҳати интихоби ширкаткунандагони ин барнома ба шаҳри Мазори шарифи Афғонистон сафар карда, аз ҳудуди 150 омӯзгор танҳо 15 нафар (9 мард ва 6 зан)-ро интихоб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин барнома танҳо онҳое интихоб шуданд, ки дипломи тахассусӣ доранд.

Гурӯҳи омӯзгорони афғонистонӣ дар Душанбе 21 рӯз аз дарсҳои вижаи устодону донишмандони Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Академияи педагогии Тоҷикистон баҳравар хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дастдандаркорон як далели муассир ва ҳадафрас анҷом ёфтани ин барномаро дар набудани мушкили забонӣ мебинанд.

Шамсулҳақи Ориёнфар, сарвари бахши фарҳанги сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мутазаккир шуд, ҳарду кишвар бар ин таъкид мекунанд, ки ба далели муштарак будани арзишҳо бештар метавонанд дар соҳаи фарҳанг ҳамкорӣ кунанд: «Зарфиятҳои молии ҳарду кишвар хуб нест, аммо ба далели умумияти арзишҳои фарҳангиву забонӣ беш аз ҳама кишварҳо Афғонистон бо Тоҷикистон метавонад ҳамкорӣ кунад. Тоҷикистон замоне дар канори як императорӣ буд ва албатта, таҷрибаҳои ғании фарҳангиву илмӣ дорад, ки барои мо ҳам муфид буда метавонад».

Афғонистон кишварест, ки аз соли 1979 ба ин сӯ мувоҷеҳ ба таҷовузи хориҷиву ҷангҳои дохилӣ аст. Дар ин муддат соҳаи маорифи ин кишвар низ ҳисороти зиёни моливу маънавӣ дидааст. Аз ҷумла, дар ин кишвар то ба ҳол мактабҳо сӯхта ва омӯзгорон куштаву таъқиб мешаванд.

Муҳаммад Раҳимӣ, устоди таълими ибтидоии Донишгоҳи Балх мегӯяд, дар қисматҳои шимолии Афғонистон вазъи маъориф бамаротиб аз қисматҳои дигари кишвар хуб аст, вале ноамнӣ дар кишвар барои боло бурдани таҷрибаи омӯзгорон мусоъид нест.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ашраф, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Мазори шариф, мегӯяд, ҳарчанд усулҳои замони шӯравӣ дар таълими Тоҷикистон ба назар мехӯрад, аммо чизҳои зиёде ҳаст, ки ба дарди мо хоҳад хӯрд.

Аввалин барномаи такмили ихтисоси омӯзгорони Афғонистон дар Душанбе бо ибтикори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва пуштибони молии Бунёди Авросиё ва ҳукумати Норвегия сурат мегирад, ки 39 000 доллари амрикоӣ ҳазина дорад. Дастандаркорон мегӯянд, дар сурати мусбат ва муассир ба охир расидани барнома идомаи он низ имкон дорад ва ҳамчунин таъсиси маркази методии омӯзгорӣ дар Мазори Шариф мавриди назар аст.

XS
SM
MD
LG