Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷик дар Бишкек


Дар донишгоҳҳои Қирғизистон беш аз саду панҷоҳ ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон омадаанд.

Аз ҷумла, дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар шаҳри Бишкек, дасти кам бист нафар машғули таҳсил ҳастанд. Дар зимн, ба Саёҳат Саидназарова ва Шероз Неъматов, ки дар бахшҳои тиҷорат ва иқтисоди ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, ҳамсӯҳбат шудам ва нахуст пурсидам, ки чаро барои таҳсил маҳз Қирғизистонро интихоб карданд. Ба гуфтаи Саёҳат, вай баъди хатми мактаби миёнаи рақами 7-и шаҳри Хоруғ озими Бишкек шуд, то ба Донишгоҳи амрикоӣ шомил шавад. Саёҳат гуфт, ки боиси интихоби вай мукаммал донистани забони англисӣ ва идомаи таҳсил дар мамолики аврупоӣ мебошад. Ҳамсӯҳбати дигарам, Шероз иброз дошт, ки мактаби миёнаро дар Хуҷанд хатм намуда ва як сол дар Донишгоҳи давлатии ин шаҳр таҳсил кард. Вай афзуд, ки вале системаи таълими амрикоиро афзал шумурд ва ба Бишкек омад.

Ин ду ҳамсӯҳбатам мегӯянд, масъулини донишгоҳи онҳо ба манзури дастрасӣ ба Интернет ва васоити дигари фаннӣ барвақт ғами хатти иловагии барқро хӯрдаанд, аз ин лиҳоз имконияти донишҷӯён дар мавриди дастрасӣ ба Интернет дар рӯзҳои бӯҳрони барқӣ коҳиш надидааст.

Дарсҳо дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ба таври озод сурат мегирад. Шероз Неъматов мегӯяд, агар ягон фан мавриди шавқи вай набошад, вай аз даромадан ба ин дарс сарфи назар мекунад. Вай афзуд, аммо дарсҳое низ мавҷуд аст, ки сарфи назар кардани онҳо бар зарари онҳост.

Аз ҳамсӯҳбатони худ пурсидам, ки оё онҳо бо хобгоҳ таъмин ҳастанд ё не? Ба гуфтаи Саёҳат Саидназарова, донишгоҳи онҳо хобгоҳ надорад ва донишҷӯён муваззафанд, ки манзил пайдо кунанд ва ҳаққи онро низ худашон бипардозанд. Вай афзуд, ҳамин мушкилот онҳоро каме нороҳат сохтааст. Зеро рӯз аз рӯз нархи иҷораи манзил боло меравад ва талабгорони манзил дар шаҳри Бишкек аз ҳисоби хориҷиён меафзояд, ки ба мушкилоти пайдо кардани манзил мушкилоти дигарро зам кардааст. Саёҳат гуфт, ки кӯмакпулӣ намегирад ва пардохти ҳаққи иҷораи манзил ва пули хӯрду хӯрокаш ба дӯши падару модараш аст.

Шероз Неъматов дар мавриди озодии баён дар ин донишгоҳ тазаккур дод, ки агар фикри омӯзгор қобили қабул набошад, онҳо метавонанд, эътироз кунанд. Гузашта аз ин, афзуд Шероз, онҳо ба суолҳое, ки дар миён мегузоранд, бояд ҷавоби мушаххас шунаванд, вагарна ноқаноатмандии худро ошкоро иброз хоҳанд дошт.

Саёҳат пиромуни мутолиъаи нашрияҳои тоҷикӣ гуфт, ки мутаассифона нашрияҳои тоҷикии кишвараш дастраси онҳо нест. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол, ба чоп расидани моҳномаи ягонаи тоҷикӣ таҳти унвони «Паёми Ала Тоо», ки дар Бишкек нашр мешавад, боиси хушҳолии онҳост. Ба гуфтаи Саёҳат Саидназарова, онҳо ҳамеша ин моҳномаро мехонанд ва тасмим гирифтаанд, баъзе гузоришҳо аз ҳаёти донишҷӯёни тоҷик дар саҳифаҳои он дарҷ кунанд.

Ҳаққи таҳсили як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказиро бунёди Сорос мепардохтааст. Гуфта мешавад, донишҷӯёне, ки ба ин гурӯҳ шомиланд, мутобиқи дараҷаи таҳсил аз сад то дусад доллари амрикоӣ стипендия мегиранд. Аммо, дар ҳамин ҳол, ҳаққи иҷораи манзили якхонагӣ дар Бишкек моҳе дусад-дусаду панҷоҳ доллари амрикоиро ташкил мекунад. Гузашта аз ин, болоравии нарху наво баъзе донишҷӯёни тоҷикро маҷбур кардааст, ки ё таҳсили худро қатъ намоянд ва ё шуғле пайдо кунанд, ки маишати онҳоро таъмин карда тавонад.

XS
SM
MD
LG