Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор ҷангҷӯи мазнунро дар Покистон куштанд


Normal 0

Мақомоти Покистон мегӯянд, як ҳавопаймои хурди бесарнишини Амрико ба ноҳияи Ҷонихели он кишвар ду мушак андохта ва дасти кам чаҳор ҷангҷӯи мазнунро куштааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса дар Вилояти Шимолу Ғарби Покистон ба вуқӯъ пайвастааст ва ҷангҷӯён, араб ва зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Ҳарчанд Ҷанихел минтақаи қабиланишин нест, вале ҳамсоя бо вилояти Вазиристони Ҷанубӣ, як паноҳгоҳи аслии тундравон дар Покистон мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳҳои ахир бо истифода аз ҳавопаймоҳои хурди бехалабон ба ҷангҷӯёни паноҳёфта дар манотиқи марзии Покистон бештар ҳамла мекунад. Коре, ки эътирози Покистонро барангехтааст. Ҷангҷӯёни Толиб ва Ал- Қоида, ки баъди суқути Толибон ба Покистон гурехтанд, зуд зуд ба Афғонистон ворид шуда ва хунрезиву харобкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG