Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинд киштии роҳзанони баҳриро ғарқ кард


Маллоҳони як киштии ҷангии Ҳиндустон дар Халиҷи Адан ҳамлаи гурӯҳе аз роҳзанони баҳриро рафъ намуда ва киштии онҳоро ғарқ кардаанд. Ин роҳзанон шоми сешанбе ба сӯи киштии ҷангии ҳиндӣ тирандозӣ карданд. Нерӯҳои Ҳинд аз моҳи октябр инҷониб барои ҷилавгирӣ аз роҳзанӣ, дар Халиҷи Адан гаштзанӣ мекунанд, чун ин минтақа шоҳиди ҳамлаҳои афзоянда ба киштиҳои тиҷоратӣ дар соҳилҳои Сомалӣ шудааст. Роҳзанонони баҳрӣ рӯзи якшанбе як киштии азими нафтбари Арабистони Саудӣ се баробар бузург аз киштии ҷангиро рабуданд, ки дар ҳаҷми 100 миллион доллар бор дорад.
XS
SM
MD
LG