Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсия барои рафъи хунрезиҳо дар Афғонистон


Фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон тавсия додааст, то ба манзури фурӯ нишондани хушунатҳо дар ин кишвар, қудрати бештаре ба раҳбарони маҳаллӣ, аз ҷумла раҳбарони пешини Толибон дода шавад. Ба гуфтаи генерал Дейвид Маккирнан, ӯ дар гуфтӯгуҳо бо вазирони Афғонистон доир ба шӯроҳои қабилавие сӯҳбат кардааст, ки раҳбарони маҳаллии афғон дар он ҳузур хоҳанд дошт. Генерал Дейвид Маккирнан ин тарҳро ба тарҳи Шӯрои Бедорӣ дар Ироқ монанд кардааст. Ин шӯро баъд аз он таъсис шуд, ки аъзои суннимазҳаби қабилаҳои ғарби Ироқ барои муқобила бо ҷангҷӯёни Ал-Қоида ба нерӯҳои Амрико пайвастанд.
XS
SM
MD
LG