Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ "Барқи Тоҷик"-ро ба додгоҳ мекашад?


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе сохторҳои маҳаллии ширкати давлатии «Барқи Тоҷик»-ро дар ношаффофии фаъолият айбдор карда, ба раҳбарони навоҳии пойтахт дастур додааст, то ба хотири ҷуброни хисороте, ки қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ ба аҳолӣ мерасонад, масъалаи ба додгоҳ кашонидани сохторҳои масъули «Барқи Тоҷик»-ро баррасӣ кунанд.

Ин мавзӯъ ахиран дар ҷаласаи шаҳрдорӣ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Шафқат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, танҳо дар як ҳафтаи ахир 297 сокини пойтахт ба далели қатъи бемавриди интиқоли нирӯи барқ ба ҳукумати пойтахт шикоят овардаанд.

Шафқат Саидов: “Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ ва баланд бардоштани масъулияти хизматрасониву иҷрои вазифаҳои таъинотӣ аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба руасои ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки барои таъмин накардани талаботҳои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин сохтори зертобеъи «Барқи Тоҷик» ба додгоҳ кашида шавад, то зарари ба аҳолӣ расонидаро ҷуброн намояд.”

Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» гуфт, агар шаҳрдорӣ дар фасли гармо шабакаҳои гармидиҳии шаҳрро тармим мекард ва мардумро ба гармӣ ва оби гарм таъмин мекард, ниёзи мардум ба нируи барқ камтар мегардид ва кори шабакаҳои барқрасонӣ низ ба садама дучор намешуд.

Рашид Гулов: “Ҳозир қариб дар ҳамаи хонаҳои шаҳр газ нест. Гармидиҳӣ низ нест, ба далели он ки шабакаҳои гармидиҳӣ фарсуда шуда, аз кор баромадаанд ва ин яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати шаҳр мебошад. Ҳукумати шаҳр вазифадор шуда буд, ки ба зимистони имсола шабакаҳои гармдиҳии шаҳрро омода созад. Шаҳри Душанберо барқарор кардан даркор. Агар шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе барқарор шавад, аҳолии шаҳр бо гази табиӣ таъмин шавад, тамоми ин мушкилот барканор мешавад.”

Муслима, сокини шаҳри Душанбе, ки соли гузашта ба далели камбуди барқ ва сармо тифли гаҳвораашро аз даст додааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «Барқи Тоҷик» интиқоли нирӯи барқро бидуни дар ҷараён гузоштани аҳолӣ қатъ мекунад, ки ин боиси эҷоди мушкилот дар рӯзгори мардум мешавад:

“Агар бовар кунед барқ надорем, як духтарчаи дувуним сола дорам аз дасти сармо дар гаҳвора мебандамаш, ба далели он, ки хонаҳо хунук ҳастанд. Сардиҳо шурӯъ нашуда, барқҳои моро ҳар рӯз қатъ мекунанд. Мо ҳоло як ҳафта шудааст, ки барқ надорем. Аз дасти сардиҳо соли гузашта тифли хурдам дар гаҳвора ҷони худро аз даст дод. Мо намедонистем ба куҷо равем, шикоят кунем. Агар дониста бошӣ, ки меравӣ, шикоят мекунӣ, надонӣ куҷо меравӣ? Агар медонистем ва шикоят низ мекардем, фикр мекунам ба дарди мо мерасиданд.”

Бо вуҷуди танҳо дар як ҳафтаи гузашта ба шаҳдорӣ шикоят бурдани ҳудуди 300 нафар дар заминаи мушкил бо барқ, то кунун ягон мавриди дар ин робита ба додгоҳ шикоят бурдани нафаре дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст. Аксари сокинон мегӯянд, ҳатто намедонистанд, ки ҳаққи муроҷиъат ба додгоҳро дар робита ба таъмини онҳо бо нирӯи барқро доранд.

XS
SM
MD
LG