Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба бо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод дар бораи вазъи иҷтимоии ҷомеаи кишвар.

Имрӯз дар ҷомеаи кишвар сарусадоҳо дар бораи ноадолатии дастрасӣ ба манобеъ ва сарватҳои миллӣ ва раванди босуръат ва саросемавори тақсимоти ин дороиҳо, ки дар пай бойшавии як гурӯҳи кӯчак ва нодору қашшоқшавии бахши асосии аҳолиро ба вуҷуд овардааст, зиёд шунида мешавад. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҳоли ҳозир 70 дар сади ин манобеъ ва сарватҳҳи миллӣ дар дасти камтар аз 15 дар сади аҳолист ва мардум ба сурати умум аз истифодаи он маҳрум мондааст.

Дуруст аст, ки бархе аз коршиносон чунин таҳлил карданд, ки имрӯз 15 дар сад аз ҷамъияти Тоҷикистон 70 дар сади сарватҳои миллии кишварро дар ихтиёр доранд ва аз он баҳра мебаранд. Аммо ба ақидаи ман ин рақам кам нишон дода шудааст, воқеиятро инъикос намекунад. Ин рақам ба эҳтимол дар атрофи 80-85 дар сад бошад. Яъне 15 дар сади ҷомеа 80 -85 дар сади боигарии кишварро дар дасти худ нигоҳ медоранд. Дар Тоҷикистон ҳоло мизони табақотӣ миёни ақшори ҷомеа ба ҳадде боло рафтааст, ки дигар аз ин марз убур кардан номумкин аст. Имрӯз сатҳи камбизоатӣ ва фақр дар ҷомеаи кишварро 54 дар сад мегӯянд. Шояд ин рақам тавонад вазъи иҷтимоъро то миёнаҳои соли 2007 ифода кунад. Азбаски аз миёнаҳои соли 2007, аз моҳи август сатҳи таваррум хеле бо суръати баланд рафт ва ин суръат рӯзторӯз боло меравад, ин рақам нишондоди вазъи имрӯза буда наметавонад.

Ба назари Шумо, ин фосила ва ё қисматшавӣ миёни ақшори ҷомеа то куҷо ба рушди он ва ё баръакс ба пасравии он мусоидат мекунад?

Сухан дар бораи он меравад, ки пайдо шудан ва торафт рушдёбии фосилаи миёни ду гурӯҳи аҳолӣ (гурӯҳи мобайнӣ қариб ки вуҷуд надорад) яъне гурӯҳи аҳолие, ки торафт бой шуда истодааст, торафт ҳисса ва ё бахши асосӣ ва аслии сарвати миллии ҷумҳуриро дар дасти худ ҷамъ карда истодаанд, аз як тараф, аз тарафи дигар мардум, ки хеле камбизоат аст ва тӯъмаи таваррум мешавад, бештар мешавад. Зеро ҳатто ҳамон пуле, ки аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон меомад, масалан агар соли гузашта ба он як миқдор маводи истеъмолӣ мехаридед, имсол ба ҳамон сад доллар камтар маводи истеъмолӣ мехаред. Зеро таваррум дар авҷ аст. Ва ин раванд ҳоло ҳам давом дорад. Ва маълум ҳам нест, ки ин раванд кай ба охир мерасад. Ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҷумҳурӣ то ҳоло масъалаи ба ҳам наздик кардани сатҳи даромадҳои мардумро пешбинӣ намекунад. Яъне, дар ин раванд ягон коре пиёда нагаштааст.

Яъне, Шумо бар ин назаред, ки ҳамин афроди алоҳида ё қисмати кӯчаки ҷомеаи имрӯз, ки дороиҳо, аксари сарватҳои миллиро дар даст доранд, дар нарху наво дар бозорҳо низ таъсир мерасонанд?

Албатта, онҳо таъсир мерасонанд. Зеро агар шумо эътибор дода бошед, дар Тоҷикистон беш аз 470 ширкате фаъъолият дорад, ки ба кишвар орд ва гандум ворид мекунад. Лекин агар онҳоро гурӯҳбандӣ кунед, танҳо 10 ё 12 ширкате амалан фаъолият мекунад, ки бештар аз 70 дар сади орду гандумро ба кишвар ворид мекунад. Ва ҳамин гурӯҳи хурд тавассути нарх ба сатҳи иҷтимоии ҷомеаи мо таъсири манфии худро мерасонад. Албатта, онро гурӯҳи монополӣ гуфтан мумкин нест, аммо ин гурӯҳро гурӯҳи олигаполӣ мегӯянд. Онҳо, азбаски гурӯҳи хурд ҳастанд, метавонанд дар байни худ маслиҳат кунанд дар бораи баланд ва ё поин кардани нарх, умуман дар бораи танзиму таъйин ва идораи нарх дар бозор. Барои мисол, дар бозори ҷаҳонӣ дар моҳҳои ахир баҳои нафт ва маҳсулоти нафтӣ ду ва дуним баробар арзон шуд, аммо бубинед, ки дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти нафтӣ арзон шуд ё нашуд?

Ба назари шумо, дар идора ва ихтиёри як гурӯҳи кӯчак афтодани сарватҳои миллӣ дар чӣ муддат сурат гирифтааст?

Ин раванд ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлол оғоз шуда буд. Ва ҷанги шаҳрвандӣ тамоиле, ки дар бораи он мо бо шумо гуфтугӯ дорем, онро хеле суръат бахшид. Агар пештар, пеш аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар ин ҷо гурӯҳҳое, ки дар ҳайати созмонҳои гуногуни коммунистӣ фаъолият доштанд, нақши асосиро бозида бошанд, дар солҳо ва баъди ҷанги шаҳрвандӣ касоне, ки дар ин ҷанг фаъъолона иштирок доштанд, аз ҳар ду тараф. Ҳатто хандаовар аст, ки онҳо дар бораи иқтисод тасаввуроте ҳам надоранд, намедонанд, ки иқтисод чӣ аст. Албатта, бо роҳҳои фишороварӣ онҳо соҳиби молу мулк ва даромадҳои хеле зиёд гардиданд. Ва ҳамин мардумон айбдори аз байн рафтани саноат низ мебошанд.

Имрӯз дар бораи саноат зиёд гап мезананд. Дар асл мо саноати ҳақиқӣ надорем. Аммо давлати бесаноатро давлати муосир ва замонавӣ гуфтан ғайриимкон аст. Ҳамин гурӯҳҳо, гурӯҳҳое, ки дар натиҷаи истифодаи истеъдоди худ, қобилияти шахсии худ, яъне бо баъзе хосият ва хислатҳои хос ва марбут ба соҳибкорӣ, ки соҳиби молу мулк нашудаанд, имрӯз ҳам фаъолияти соҳибкорӣ пеш мебаранд ва дар пайи ҷамъ кардани сарватанд ва дороиҳо низ дар дасти онҳост. Ва то имрӯз бисёре аз сарватмандони имрӯза пушту паноҳ доранд. Онҳо фишангҳои маъмурӣ, фишангҳои хешу таборӣ, авлодӣ, маҳал ва ғайраро истифода мебаранд. Ин фишангҳо фишангҳои ғайриобъективӣ мебошанд ва онҳо наметавонанд масалан дар кишвар як табақаи соҳибкоронеро ба вуҷуд оранд, ки дар муборизаи борақобат обу тоб ёфта бошад.

Аммо то рақобат ба маънои пуррааш дар Тоҷикистон ҳукмрон нагардад, рақобати озод, рақобати солим ва рақобати қонунӣ, чунин табақаи соҳибкорон ба вуҷуд наоянд ва фикр мекунам замоне фаро мерасад, ки аксарияти зиёди ин ба ном соҳибкорон, соҳибкорони дар нохунак бо сабаби ноқобил буданашон, бо сабаби аз қонуниятҳои соҳибкорӣ бехабар буданашон, бо сабаби надонистани тамоми нозукиҳои рақобат дар бозор, бозори беруна ва ғайра аз молу мулки худ маҳрум хоҳанд шуд. Ҳамин тавр мешавад, ки дар Тоҷикистон соҳибкори ҳақиқӣ на имрӯзу пагоҳ, ба эҳтимоли қавӣ, баъд аз бист сол ба вуҷуд ояд.

Оё метавон гуфт ин гурӯҳ, ки аксарияти кулли сарватҳои миллиро дар даст доранд, киҳоанд?

Дар ин бора гап задан хеле душвор аст. Шумо медонед, ки ин ҷо баъзе нозукиҳо ҳам вуҷуд доранд. Ман медонам, ки киҳо ҳастанд. Масалан, гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳукумат наздик ҳастанд, наздик мебошанд ва гурӯҳе ҳастанд, ки аз ҷониби баъзе аз мансабдорон ҳимояи қавиро эҳсос мекунанд….

Оё ба андешаи Шумо, қабули қонун дар бораи қонунӣ гардонидани амволи аз роҳҳои дигар ва ғайриқонунӣ ба дастомада ба ҳамин понздаҳ дар сад бештар тааллуқ мегирад, то имрӯз битавонад молу амволи ғайримашрӯи худро қонунӣ гардонанд?

Боварии том дорам, ки ҳамин қонунӣ гардонидани амвол, ки мӯҳлати он то якуми январи соли оянда тамдид шудааст, ба манфиати ҳамон 15 дар сад аст. Ин ҷо бештар сухан дар бораи онҳое меравад, ки дорои моликияти бузург ҳастанд. Вақте ки ҳамин гуна қарор қабул гардид, ман ҳамон вақт гуфта будам, ки муқобили чунин тартибот ҳастам. Касоне, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дороии ҳангуфт гирд овардаанд, сарват андӯхтанд, бояд дар назди халқ ва қонун ҷавоб диҳанд.

Оё ҳамин раванди қисматшавии ҷомеа ба бою камбағал, ба дорою нодор, ба сарватманду муфлис чӣ паёмад дошта метавонад. Зеро мегӯянд, ки Тоҷикистон аз лиҳози меъёрҳои байнулмилалии иқтисодӣ дар ҳавзаи риск қарор дорад ва имкон дорад, ки ин тақсимшавии нобаробар авоқиби нохушояндеро ба бор оварад?

Шумо медонед, ки инқилоб – инқилоби иҷтимоӣ, ки ба русӣ «сотсиалная революсия» мегӯянд, натиҷаи ба ду қишри хеле азим тақсим шудани ҷомеа аст. Яъне, ба қишре, ки шумораи нафаронаш кам мебошад ва сарвати зиёди миллиро дар дасти худ гирифтааст ва қишре, ки нафаронаш зиёд мебошанд, аммо аз дастрасӣ ба манобеъ ва сарват маҳрум карда шудаанд. На танҳо таърихи асри 19 ва 20 ин чизро исбот кардааст, тамоми таърихи инсоният нишон медиҳад, ки инқилобҳо дар натиҷаи нобаробарии иҷтимоӣ, нобаробарии дастрасӣ ба манобеъ ва сарват ба вуҷуд омадаанд. Ва ин як қонунияти объективӣ аст, ки аз ману шумо вобаста намебошад. Албатта, мо намехоҳем, ки дар Тоҷикистон инқилоб ба вуҷуд ояд, зеро инқилоб ин зӯроварӣ аст, мо намехоҳем, ки касе ба касе зӯроварӣ кунад. Лекин агар ҳамин равандҳо дар оянда низ бидуни тағйирот давом ёбанд, ман гумон мекунам, ки дар Тоҷикистон эҳтимолияти нооромиҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад.

Оё имкон дорад, ки ин рақам тағйир ёбад ва мардуми бештар ба манобеъ ва сарватҳои миллӣ дастрасӣ пайдо кунанд? Яъне, манзур ин аст, ки оё роҳе вуҷуд дорад, ки фарқ миёни қишрҳои дорову нодор коҳиш дода шавад?

Ба ақидаи ман, чунин роҳ вуҷуд дорад. Чунин имконият, масалан 10-15 сол пеш ҳам вуҷуд дошт. Масалан, бояд давлат як барномаи рушди иҷтимоии Тоҷикистон, ки ба ҳам наздикшавии қишрҳои мухталифи ҷомеаро дар бар бигирад, таҳия ва ба иҷро мегузошт. Ин ҷо бояд як нукта таъкид шавад, ки бар асоси Қонуни асосӣ Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст. Давлати иҷтимоӣ эълон шудан ба ин маъност, ки давлат ҳамин гуна барномаҳоро, ки сатҳи зиндагии мардумро ба ҳам наздик оварад, амалӣ мегардонад. Ва нобаробариҳои маснӯъиро дар амри дастрасӣ ба захоир ва манобеъ ва сарватҳои умумимиллӣ иҷоза намедиҳад. Ва ҳатто барои ин наздикшавӣ ва дар як сатҳ нигоҳ доштан новобаста аз саҳми меҳнатии табақаҳои гуногуни ҷомеа давлат масъул аст, ки барои ин кор муваффақ шавад. Зеро мо бар асоси муқаррароти ин Қонуни асосӣ ҳуқуқи маънавӣ надорем, кӯдаконеро, ки дар оилаҳои камбизоат таваллуд мешаванд ва қобилияти фавқуллъодда доранд аз дастрасӣ ба таҳсил ва табобат маҳрум карда бошем. Вақте дар бораи ояндаи ҷомеа ва ташаккули миллат сӯҳбат мешавад, бояд донист, ки миллат онвақт шукуфо мешавад, рушд мекунад, ки сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа хуб ва фосилаи бузурги миёни табақаҳои мухталиф аз байн равад ва роҳҳои ғайритабиии соҳиб шудан ба манобеъ ва сарватҳои умумимиллӣ, ки барои ҳамаи ин миллат мутааллиқ аст, барҳам дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG