Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки-мун ба Олмерт аз вазъи Ғазза изҳори нигаронӣ кард


Дабири кулли СММ Бан Ки-мун ба сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, аз вазъи бадшавандаи башарӣ дар Ғазза амиқан нигарон аст. Бан аз Исроил даъват кард, ба вуруди кормандони мададрасони Созмони Милал ба Навори Ғаззаро иҷоза диҳад. Исроил бо мақсади муҷозоти фаластиниҳо барои партоби мушак ба хоки Исроил аз тарафи ситезаҷӯён марзҳои минтақаро аз 4-уми ноябр ба ин сӯ бастааст. Пештар кумисионери олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Нейвӣ Пиллой Исроилро ба нақзи қавонини башарӣ бо муҳосираи Ғазза айбдор кард. Бо вуҷуди дархости СММ, вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гуфт, роҳҳо ба Ғазза баста боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG