Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Покистон нав шуд


Собиқ раиси бахши ташрифоти давлатӣ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Покистон таъин гардид. Зубайдови 51-сола ахиран мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва ба навиштаи матбуъот дар иттиҳоди созмонҳои парокандаи диаспораи тоҷикон дар Маска нақши муҳим бозидааст. Аз соли 1993, оғози фаълоияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари давлати Тоҷикистон то соли 2008 Зубайдов ба ҳайси раиси бахши ташрифоти давлатӣ дар Вазорати умури хориҷии кишвар сафарҳои хориҷии сардори давлат ва мулоқотҳои ӯро дар дохил танзим кардааст. Соҳиби унвони сафири дараҷаи якум аст. Ҳамчунин бо қарори ҳукумати Тоҷикистон собиқ мудири бахши илму маъориф дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии кишвар Ҳайдар Одинаев, сардори хадамоти назорати таълим дар Вазорати маъориф таъин гардид.
XS
SM
MD
LG