Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дувуми муҳокимаи қотилони Политковская


Додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав пас аз таъини шеваи кор имрӯз ба муҳокимаи парвандаи қатли журналисти "Новая газета" Анна Политковская шурӯъ мекунад. Дирӯз ҳайати доварони мардумӣ низ ташкил дода шуд. Муҳокима ба таври боз ҷараён хоҳад ёфт. Собиқ корманди хадамоти ҳифзи қонун Сергей Ҳоҷиқурбонов, бародарон Ҷабраил ва Иброҳим маҳмудовҳо ва ҳамчунин сарҳанги Хадамоти амниятии Русия Павел Рягузов ба даст доштан дар ин қатл айбдор мешаванд. Аммо фармоишгарон ва иҷрокунандагони куштор дарёфт нашудаанд. Политковская, мунаққиди сарсахти ҳукумати Русия тирамоҳи соли 2006 дар даромадгоҳи манзилаш ба зарби тири туфангча кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG