Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон ба хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ омодагӣ мегирад


Амирулбаҳр Майкл Муллен, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико имрӯз ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, Пентагон аллакай нақшаи хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ ва мустақар кардани онҳо дар Афғонистонро омода кардааст. Раисиҷумҳури тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳида Барак Обама, ки аз 20-уми январ идораи мамлакатро ба даст мегирад, мегӯяд, умедвор аст, нерӯҳои ҷангии Амрикоро дар 16 моҳ аз Ироқ хоҳад баровард. Обама ҳамчунин ваъда додааст, ки барои муқовимат бо ошӯбгарони толиб ва шарикони онҳо аз Ал-Қоъида нерӯи бештарро вориди Афғонистон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG