Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони бадахшӣ $30,5 миллион кор кардаанд


Шӯъбаи Бонки милии Тоҷикистон дар Хоруғ иттилоъ дод, ки муҳоҷирони бадахшонӣ дар даҳ моҳи соли равон танҳо ба воситаи бонкҳо 30 миллииону 500 ҳазор доллар ба Бадахшон интиқол додаанд. Раиси ин шӯъба Насриддин Насриддинов ба хабаргузории СA-News гуфтааст, ин сармоя назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион доллар бештар аст. Ба иттилоъи ширкати "Бадахшонхориҷакор" дар ҳоли ҳозир 23 ҳазор сокини Бадахшон дар Русия кор ва иқомат мекунанд.
XS
SM
MD
LG