Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ хостори пуштибонии аъзои аврупоии НАТО шуд


Президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, аз аъзои аврупоии Паймони Атлантики Шимолӣ даъват кард, аз талошҳои кишвари ӯ ба узвият дар НАТО пуштибонӣ кунанд. Вай далел овард, ки ба Гурҷистон додани мақоми номзад "як гузинаи стратегии Аврупо" мебошад. Вай ин нукотро дар баробари қонунгузорони кишварҳои НАТО дар бандари Валенсияи Испониё баён дошт. Гурҷистон ҳанӯз дар ҳоли ба худ омадан аз шикастест, ки дар моҳи август дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ аз Русия хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG