Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи Моликӣ ба мухолифони паймони Ироқу Амрико


Сарвазири Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, мунаққидони паймони амниятии Ироқу Амрико, ки хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқро дар се соли оянда тарҳрезӣ мекунад, мехоҳанд, ин нерӯҳо бештар боқӣ бимонанд ва онҳо битавонанд, аз ҳузури онҳо ба суди сиёсии худ истифода кунанд. Аксари гурӯҳҳои эътилофи Моликӣ аз ин қарордод ҳимоят мекунанд. Аммо ситезаҷӯёни рӯҳонии тундрав Муқтадо Садр ва пайравони онҳо ва ҳамчунин бархе аз гурӯҳҳои суннӣ ба паймони ахири Ироқу Амрико мухолифанд. Моликӣ гуфт, бе ин тарҳ ояндаи Ироқ норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG