Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъват ба қатъи муҳосираи Навори Ғазза


Мақоми аршади СММ дар умури ҳуқуқи башар аз Исроил даъват кард, ба муҳосираи Навори Ғазза хотима диҳад. Нейвӣ Пиллой, кумисионери олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон мегӯяд, муҳосираи ин минтақа нақзи ҳуқуқҳои башарии аҳолист, ки аз ғизо, дорувор, маводи сӯхт, нерӯи барқ ва дигар заруратҳои одӣ маҳрум мешавад. Пиллой аз фаластиниҳо даъват кард, мушакандозиро ба ҳудуди Исроил бас кунанд ва Исроил шабехунҳоро қатъ намояд. Пас аз як фосилаи кӯтоҳ барои интиқоли маводи башарӣ дар рӯзи душанбе, Исроил аз нав марзҳои Навори Ғаззаро баст. Субҳи дирӯз нерӯҳои исроилӣ бо истифода аз зиреҳпӯшҳо вориди минтақаи таҳти назорати Ҳамос ва даргирӣ бо ситезаҷӯён шуд.
XS
SM
MD
LG