Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯи амрикоӣ метавонад Эронро тарк кунад


Додгоҳи Эрон мегӯяд, донишҷӯи амрикоии эронитабор, ки бо иттиҳоми марбут бо амният боздошт шуда буд, метавонад, ҷумҳурии исломиро тарк кунад. Ба қавли Алиризо Ҷамшедӣ сухангӯи додгоҳи Эрон хонум Ишо Муъминӣ бар ивази васиқа ё худ гарав раҳо шудааст ва метавонад бидуни кадом хавфе кишварро тарк намояд. То кунун Муъминӣ ва ё кадом узви оилаи ӯ ин хабарро ташреҳ надодаанд. Ин донишҷӯй дар миёнаҳои моҳи октябр ҳангоми бозгашт аз Амрико боздошт шуда буд. Муъминӣ мехост аз аҳли оилааш зиёрат намуда, таҳқиқотеро дар бораи ҷумбиши занони эронӣ амалӣ кунад. Муъминӣ баъди сипарӣ намудани чор ҳафта дар зиндони Теҳрон рӯзи даҳуми ноябр бар ивази васиқа раҳо гардида буд.
XS
SM
MD
LG