Пайвандҳои дастрасӣ

«Amnesty International» («Афви байнулмилалӣ») дар робита ба ҷанги Русияву Гурҷистон гузорише ба табъ расонид.

Ин созмон дар гузориши худ, аз ҷумла, навиштааст, ки эҳтимол дар ҷараёни хунрезиҳои моҳи августи соли равон ҳамаи ҷонибҳо ҳуқуқи башарро поймол кардаанд. Созмон аз Русияву Гурҷистон хостааст, то ба тафтиши мустақили ҳаводиси моҳи август ба намояндагонаш иҷозат диҳанд.

Каме бештар аз 100 рӯз пеш Русияву Гурҷистон барои тасарруфи Осетияи ҷанубӣ дастбагиребон шуданд. Низоъ камтар аз як ҳафта идома кард, вале то ҳанӯз тақрибан 30 000 гурҷиву осетинии ин минтақа бе хонаву ҷо буда, гурӯҳҳои ниманизомии маҳаллӣ муназзам ба хушунат роҳ медиҳанд.

Беадолатӣ дар ҳамин ҳол то ҷое расидааст, ки ҳафтаи гузашта сокинони деҳоти ноҳияи гурҷистонии Гории ҳаммарзи Осетияи ҷанубӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил намуда, аз мақомот ҳимояи бештар талаб карданд. Як хонуми дар гирдиҳамоӣ ширкатдоштамегӯяд: " Дар деҳаи мо ягон посгоҳи пулис ташкил нашудааст. Ду рӯз пеш даҳ афсари пулис омада буданд. Онҳо натавонистанд, ки дар бораи мавҷудияти мина дар майдонҳоямон маълумот пайдо кунанд. Мо наметавонем боқимондаҳои ҳосиламонро ҷамъоварӣ намоем. Деҳаамон бидуни муҳофизат аст. Дирӯз онҳо таъмини барқро қатъ намуданд. Мо мисли девона аз ҳар садо метарсем".

«Amnesty International» дар гузориши "Мардуми осоишта дар хатти оташ" тарзи пешбурди ҷанг ва вазъи фирориёни бозгаштаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар ин санад мусоҳибаҳо бо сокинони минтақаи низоъ, мақомоти маҳаллӣ ва қурбониҳо ҷой дода шудааст. Муаллифони гузориш бар пояи нақли шоҳидони айнӣ навиштаанд, ки дар минтақаи марзи миёни Гурҷистону Осетияи ҷанубӣ маъруф бо номи минтақаи ҳоил ва ё буферӣ ғоратгарӣ, тирпарронӣ, таркишҳову одамрабоӣ ҷой доранд.

Гузоришгари «Amnesty International» Ҷон Далҳезен, ки дар се моҳи ахир чанд дафъа аз Гурҷистону Осетияи ҷанубӣ боздид намудааст, мегӯяд, минтақаи буферии миёни ду нерӯ 500 ва ё 600 метрро ташкил намуда, ба як минтақаи бесоҳиб табдил ёфтааст: " Дар ин минтақаҳо аслан амният вуҷуд надорад, ба вижа дар шаб. Дар ҳамин ҳол баъзеҳо рӯзона ба он ҷо мераванд. Ман ҳам ҳамроҳ бо сокинони ин деҳот аз охирин посгоҳи гурҷӣ гузашта ба минтақаи бесоҳиб ворид шуда будам. Мефаҳмам, ки ҳангоми ғуну чини ҳосили ангур ин мардум бо чӣ хатаре рӯ ба рӯ буданд".

17-уми ноябр бар асари таркиши мина дар деҳаи Плавӣ 10 афсари гурӯҳи гурҷии безараргардонии минаҳо ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар ва аз ҷумла як навраси 10-сола маҷрӯҳ шуданд. «Amnesty International» аз Гурҷистон, Русия ва Осетияи ҷанубӣ дархост намудааст, ки гурӯҳҳои дузду авбошро таҳти назорат дароварда, ба нозирони байнулмилалӣ имкони муроқибати вазъи тамоми минтақаро фароҳам орад.

Ин созмони байнулмилалӣ ҳамаи ҷонибҳои низоъро масъули поймолшавии ҳуқуқи башар номидааст. Ба қавли Далҳезен, то кунун ягон ҷониби низоъ ба тақозои ин созмон посухи расмӣ надоааст.

Рӯзи сешанбе Русияву Гурҷистон сари мизи музокирот нишаста, сарнавишти минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубиву Абхозистонро арзёбӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG