Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар иттилоъи расмӣ, тайи даҳ моҳи соли равон муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба Бадахшон тавассути бонкҳо зиёда аз 100 миллион сомонӣ фиристодаанд.

Ҳамчунин тайи ин муддат бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳибкорон ба маблағи болиғ бар 70 миллион сомонӣ қарз додаанд. Намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар нишасти матбуотӣ ин рақамҳоро чун нишонаи пешрафти иқтисодӣ унвон карданд.

Сардори бахши хоруғии Бонки миллӣ Насриддин Насриддинов афзоиши қарзи бонкиро шаҳодати беҳбуд ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ ва зътидоли вазъи бозори дохилӣ шуморида, мегӯяд, ки ахиран эмиссияи бонкӣ наздик ба се маротиба коҳиш ёфта, ҳамакнун 34 дарсадро ташкил медиҳад. Вай гуфт, одамон барои он қарз мегиранд, ки фаъолият кунанд ва хубтару беҳтар зиндагӣ дошта бошанд.

Аммо иқтисодшиносон дар минтақа аз раванди афзоиши қарзи бонкӣ ва пулҳои муҳоҷирон бонги изтироб зада, онро нишонаи фалаҷи иқтисодӣ ва қашшоқӣ дар минтақа мешуморанд. Ба гуфтаи устоди Донишгоҳи Хоруғ Ошурмамад Шамиров, дар ҳоле, ки буҷаи солонаи вилоят 52 миллион сомонӣ муқаррар шудааст ва корхонаҳои саноатӣ бо иқтидори камтар аз 5 дарсади тавоноиашон кор мекунанд, мардуми Бадахшон ҳар чӣ бештар ночор побанди қарзи бонкӣ ва пули муҳоҷирон мегардад. Вай гуфт, дар чунин шароит муҳоҷири меҳнатӣ маҷбур аст, ба ивази аз даст додани саломатӣ ва маҳдуд намудани талаботи оддитарини хеш дар фикри пур намудани сабади истеъмолии хонаводаи дар ватан мондааш шавад.

Бибиҷон Шоиқиёмова, як соҳибкор аз Хоруғ, баён дошт, ки қарзи бонкӣ барои бештари ашхосе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ дар бозор машғул ҳастанд, ягона воситаи хариду фурӯши мол буда, онҳо чорае ҷуз аз қарз гирифтан надоранд. Вай баён дошт, ки мафоди аз тиҷорат ба даст омада, барои баровардани ниёзҳои аввалия масраф мешаванд ва онҳо ба қарз рӯ меоранд.

Ба гуфтаи Азорабек Мирзобеков, як коршиноси минтақа, вобаста ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русия, эҳтимолияти ба таври чашмгир коҳиш ёфтани маблағҳои интиқолии муҳоҷирин ва имконияти бозгашди теъдоди зиёди муҳоҷирин ҷой хоҳад дошт. Вай афзуд, мақомот дар ҳарос ҳастанд, ки дар сурати пеш омадани чунин ҳолат шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеъа рӯ ба афзоиш ниҳода, эътидоли вазъи нисбии иҷтимоиро ба ҳам мезанад ва қашшоқӣ дар минтақаи Бадахшон ҳадди ақал ду маротиба зиёдтар эҳсос хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG