Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty гурҷиҳову осетинҳоро муттаҳам кард


Дар гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty

International ё худ Афви Байналмилал гуфта мешавад, ки дар марзи миёни Гурҷистону Осетияи Ҷанубӣ қонунҳои риоят намешаванд ва аз ин рӯ, беш аз 20000 фирорӣ имкон надоранд, ба хонаҳояшон баргарданд.

Никола Дакворс раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Афви Байналмилал мегӯяд, ҳафтаҳои ахир аз ин минтақа иттилоъ дар бораи ғоратгарӣ, тирпарронӣ, таркиш ва одамрабоӣ дастрас шудааст.

Афви Байналмилал меафзояд, ки 24000 гурҷии муқими Осетияи Ҷанубӣ ва ба истилоҳ минтақаҳои ҳоили аз ҷониби Русия бунёдшуда, имкон надоранд ба хонаҳояшон баргарданд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар гузорише, ки имрӯз ба табъ расонд, навиштааст, дар ҷараёни бархӯрдҳои моҳи август ҳар ду ҷониб қонунҳои байналмилалиро поймол карданд.

Моҳи август нерӯҳои Русия ба хоки Осетияи Ҷанубӣ ворид шуда, имкон надоданд, ки нерӯҳои Гурҷистон ин минтақаи ҷудоихоҳро таҳти тасарруфи ҳукумати марказии ин кишвар қарор диҳанд.

XS
SM
MD
LG