Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай ба Мулло Умар ваъдаи амн медиҳад


Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар нишасти хабариаш дар Кобул, ки тақрибан як соат тӯл кашид, гуфт, агар раҳбарони Толибон ба музокироти сулҳ бо давлати ӯ алоқа нишон диҳанд, ӯ омода ҳаст ба ҳайси раҳбари кишвар амнияти онҳо, аз ҷумла амнияти Мулло Умар, раҳбари аввали Толибонро замонат диҳад.

Ҳомид Карзай гуфт, агар ҷомиаи байнулмилалӣ ба ин роҳи ҳалли пешниҳодии ӯ розӣ набошад, дар ин росто танҳо ду интихоб дорад: ё ӯро аз қудрат берун андозад ва ё тарки Афғонистон кунад.

Раҳбари Афғонистон ҳамзамон ба танқиди шеваи фаъолияти нирӯҳои байнулмилалӣ дар ҷанг алайҳи террор пардохт ва гуфт, мавориди фаровони ҳалокати афроди мулкӣ ба обрӯ ва тавони давлати Афғонистон латма мезанад.

Дар ҳоли ҳозир, дар Афғонистон тақрибан 70 000 нирӯи хориҷӣ, ки тақрибан нисфашро асокири Амрико ташкил медиҳанд, алайҳи Толибон меҷанганд. Афзоиши мизони хушунатҳо дар Афғонистон дар ду соли охир талошҳои байнулмилалӣ ҷиҳати истиқрори сулҳ ва эъмори баъдиҷангии кишварро зери шубҳа қарор додааст. Нуфузи Толибон дар ин авохир ба хусус дар вилоёти ҷануб ва шарқу ғарби Афғонистон боло рафта, пешниҳоди музокира бо Толибон акнун натанҳо аз Кобул, балки аз ҷониби мақомоти аршади амрикоӣ низ садо медиҳад. Ахиран, ҳатто Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, гуфтугӯ бо Толибонро калиди ояндаи Афғонистон номид ва дар Арабистони Саудӣ, бино ба хабарҳо, ду моҳ пеш як чунин музокироти ғайрирасмӣ миёни намояндагони давлати кунунии Афғонистон ва Толибон сурат гирифтааст. Ҳомид Карзай гуфт, миёнҷигарӣ дар амри музокирот бо Толибонро ба подшоҳи Саудӣ ӯ ҳанӯз се сол қабл пешниҳод карда буд.

Намояндагони Толибон мегӯянд, дар садади таҳияи посухи расмӣ ба пешниҳоди Ҳомид Карзай дар мавриди тазмини амнияти раҳбарони ба музокироти сулҳ алоқаманди Толибон ҳастанд. Бо ин ҳол, Мулло Бародар, муовини раҳбари Толибон, дар нахустин вокуниш пешниҳоди Карзайро башиддат рад кард ва гуфт, то замоне ки нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон боқӣ мемонанд, Толибон ба музокирот омода нестанд, зеро қудрат дар дасти онҳост ва музокирот самаре нахоҳад овард. Мулло Бародар, ки аз як маҳалли ношинос бо хабаргузории Ройтерс тавассути телефони моҳвораӣ сӯҳбат мекард, нирӯҳои хориҷиро асли мушкили Афғонистон номид ва гуфт, онҳо ниёзе ба тазмини амният аз сӯи Ҳомид Карзай надоранд, чунки худро дар Афғонистон амн эҳсос мекунанд. Мулло Бародар афзуд, Толибон ба «ҷиҳод алайҳи нирӯҳои хориҷӣ ва ғуломони афғони онҳо ҳамчунон идома хоҳанд дод».

Толибон раҳбари давлати кунунии Афғонистон Ҳомид Карзайро низ як ғуломи Амрико меноманд.

XS
SM
MD
LG