Пайвандҳои дастрасӣ

Тарс ва хашм аз ҳамлаи Қандаҳор


Духтарони осебдида дар бемористони Қандаҳор

Духтарони осебдида дар бемористони Қандаҳор

Вазорати омӯзишу парвариши Афғонистон мегӯяд, баъд аз ҳамлаи мудҳиш ба духтарони мактабхон дар Қандаҳор бо мушкили сахте рӯбарӯ шудааст.

Барои кормандони маъориф хеле душвор шудааст, ки падару модаронро ба таҳсили духтаронаш розӣ кунонанд. Се духтари мактабӣ дар Қандаҳор аз он ки ҳамлаварон ба рӯяшон ҷавҳари асид ё кислота пошиданд, дар бемористон ҳоли сангин доранд ва яке аз онҳо мумкин аст, аз чашми бино маҳрум шавад.

Дари мактаби духтаронаи Назо Ана дар Қандаҳор баста шуд. Даре ки духтарбачаҳо бо шодию фараҳ онро боз мекарданду вориди синфохонаҳо мешуданд. Акнун онҳо дар хона мемонанд.

Мудири мактаб, Маҳмуд Қодирӣ гуфт, аз 1300 хонандаи мактаб, рӯзи шанбе танҳо 35 нафар ба назди ин дар омаданд, дар ҳоле ки синфхонаҳои ҳамеша пур буданд. Инҳо ҳам бо падару модари худ омада буданд, зеро ҳамла ба духтарони мактабӣ, ки бар асари он 15 духтар захмӣ шуданд, ҳамаро ба ҳарос овардааст.

Қодирӣ умедвор аст, ки нигаронии волидайн ба зудӣ мегузарад ва синфхонаҳо аз нав пур мешаванд.

Отифа, яке аз қурбониёни ҳамла мегӯяд, вай ҳамроҳи духтари амма ва духтари амакаш рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми ноябр ба мактаб равон буд, ки ду мард савори мотосикл аз паҳлуяш рад шуданд ва аз туфанчаи бозичагии пластикӣ ба сӯи онҳо обе пошиданд, ки маълум шуд, ҷавҳари туршӣ ё кислота будааст.

Отифа мегӯяд, бархе аз духтаронро толеъ мадад кард, ки бо захмҳои сабук раҳоӣ ёбанд, аммо дасту рӯ, гардан ва дастҳои се духтар онгуна сӯхт, ки то ҳол дар бемористон мебошанд ва эҳтимол меравад, яке аз онҳо аз чашм маҳрум гардад. Ӯро ба шифохонаи Кобул интиқол додаанд.

Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифт, вале мақомоти афғон Толибонро дар ҳамла ба духтарони мактабхон айбдор мекунанд. Дар замони ҳокимияти толибҳо то барканории онҳо дар соли 2001 таҳсил барои духтарон мамнӯъ буд ва акнун ҳамла ба духтарони мактабхон, омӯзгорон ва мактабҳо дар манотиқе ба амал меояд, ки Толибон он ҷо нуфуз доранд. Чунончи, Қандаҳор яке аз пойгоҳҳои ин ҷунбиш ба шумор меравад. Вале ба маълумоти Вазорати омӯзишу парвариши Афғонистон ахиран як чунин ҳамла дар вилояти нисбатан ороми Балх низ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин манбаъ мегӯяд, дар як соли гузашта дар саросари кишвар 160 мактабхон кушта шуда, 120 мактаб ҳадафи ҳамла шуд ва бархе аз ин мактабҳо дар коми оташ маҳв гардид.

Аз бими ҳамлаи ситезаҷӯён дар як соли гузашта 600 мактаб баста шуд ва толибон мегӯянд, ҳамлаҳои худро идома хоҳанд дод.

Дар натиҷа кӯдакон аз таҳсил канор мемонанд. Сокини Қандаҳор, ки ду духтараш дар ҳамлаи ахир осеб диданд, мегӯяд, ҳамеша орзу мекард, духтаронаш таҳсилдида шаванд ва монанди ӯ бесавод боқӣ намонанд. Аммо акнун ба андеша рафтааст, зеро амнияти фарзандон аз ҳама чиз муҳимтар шудааст.

Сиддиқ Патмон, ноиби вазири омӯзишу парвариши Афғонистон гуфт, аксари ҳамлаҳо дар ҷануб ва шарқи кишвар ба амал омадаанд, аммо таъсири онҳо ба ҳамаи Афғонистон мерасад.

Вазорат аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хостааст, барои таъмини амнияти мактабиён полиси бештар сафарбар кунанд ва аз падару модарон хостааст, кӯдаконро дар роҳт мактаб ҳамроҳӣ намоянд. Вале ӯ мегӯяд, вазораташ дар танҳоӣ коре карда наметавонад. Ҳамагон, аз ҷумла падару модарон, аҳолии маҳаллӣ ва раҳбарони мазҳабӣ бояд кӯмак кунанд, зеро ояндаи Афғонистон ба мактаб ва омӯзиши ҷавононаш ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG