Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси паймони амниятии Ироқ дар порлумони ин кишвар


Порлумони Ироқ имрӯз барои ошноии аввал бо созишномаи амниятии Амрико ва Ироқ гирд меояд. Ин қарордод пас аз ёздаҳ моҳи баҳс миёни Бағдод ва Вошингтон омода шуда, шароити ҳузури ҳарбии Амрико дар Ироқро пас аз итмоми мандати Созмони Милал муайян ва хуруҷи батадриҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро то поёни соли 2011 тарҳрезӣ мекунад. Ноиби раиси порлумони Ироқ, Холид Аттия гуфт, баррасии қарордод чанд рӯз идома хоҳад кард ва тасвиби он ба 24-уми ноябр барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG