Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон пешниҳоди Карзайро рад карданд


Толибон пешниҳодоти сулҳи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзайро рад карданд. Дар ин бора намояндаи расмии ҷунбиши Толибон хабар дод. Дирӯз Ҳомиди Карзай хостори гуфтушунид бо раҳбарони Толибон шуд ва изҳор намуд, ки агар Мулло Умар ба музокироти сулҳ розӣ шавад, амнияти комили ӯро кафолат хоҳад дод. Толибон аз музокирот бо мақомоти расмии Афғонистон сарпечӣ мекунанд ва имрӯз бори дигар изҳор намуданд, ки гуфтушунид бо Кобул фақат баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар мумкин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG