Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба даъвати Карзай посух таҳия мекунанд


Толибон ба пешниҳодоти сулҳи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай посух таҳия мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии ҷунбиши "Толибон" Забеҳулло Муҷоҳид хабар дод ва аммо аз тафсилоти бештар, аз ҷумла, кай ироа шудани ҷавоби расмӣ худдорӣ кард. Қаблан Ҳомиди Карзай изҳор карда буд, ки агар раҳбари "Толибон" Мулло Умар ба музокироти сулҳ розӣ шавад, амнияти комили ӯро кафолат хоҳад дод. То имрӯз раҳбарони ҷунбиш аз музокирот бо мақомоти расмии Афғонистон сарпечӣ мекунанд ва мегӯянд, ки гуфтушунид фақат баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар мумкин хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG