Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Ироқ баррасии аҳдномаро шурӯъ кард


Имрӯз вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ ва сафири ИМА дар Ироқ Райан Крокер дар Бағдод аҳднома дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ баъд аз 31 декабри соли равон, яъне баъди хатми мандати СММ-ро имзо карданд. Ба думболи ин порлумони Ироқ баррасии аввали ин санадро шурӯъ кард ва интизор меравад, ки баъд аз як ҳафта, яъне рӯзи 24 ноябр вакилон ба ин созиш раъй диҳанд. Тибқи аҳднома, ҳама 150 ҳазор низомиёни амрикоӣ то моҳи декабри соли 2011 қаламрави Ироқро тарк хоҳанд кард. Имрӯз ҷонибдорони раҳбари шиаҳои тундрави Ироқ Муқтадо Ал-Садр эълом доштанд, ки барои рад шудани ин аҳднома аз сӯи порлумони кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG